ИЗҲОРОТИ ОМӮЗГОРОНИ КАФЕДРАИ ФАНҲОИ ТАБИӢ-ИЛМӢ: БОМДОД.КОМИ М. САЛИМПУР СОМОНАИ НАВИ ТАРҒИБГАРОНИ ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ!

Ҳамин дирӯз хабар омад, ки М. Салимпур ба хотири харидани таҷҳизот аз М. Кабирӣ маблағ гирифтаасту сомонаи наверо ба ҷойи ахбор.ком таъсис додааст. Ҳарчанд М. Салимпур инкор мекард, ки ахбор.ком моли ТТЭ ҲНИ нест, аммо дертар ошкор шуд, ки бо пули хоҷагони хориҷии ТТЭ ҲНИ таъсис ёфтаасту мақсаду маромаш ҳам тарғиби ғояҳои ифротӣ, коҳиш додани мақоми кишвар дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Яъне М. Салимпур ҳам кӯмак мекунад, то ҳадафи душманони миллати тоҷик, душманони давлатдории миллӣ, яъне наҳзатиён ва хоҷагони хориҷияшон амалӣ гардад. Пас М. Салимпур кист?

Албатта, М. Салимпур низ аъзои ТТЭ ҲНИ буда, барои хиёнат кардан бар миллати тоҷик ва душманӣ варзидан бар Ватан фаъолияти душманона мебарад ва инро ҳатто аз хабар ва матлабҳои нашрнамудааш дар сомонаҳои интернетӣ бараъло мушоҳида намудан мумкин аст.

Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтолри ғайриинсонӣ ва душманонаи М. Салимпурро, ки барои душманони миллати тоҷик, барои хоинон минбар сохтааст маҳкум намуда, бар ӯ лаънат мехонем!