Имрӯзҳо мебинем, ки дар бисёре аз кишварҳо аз ҷониби созмон ва ё ташкилотҳои террористӣ амалҳои гуногун, актҳои террористӣ содир карда мешаванд, ки бештар дар ин ҳолат шаҳрвандони бегуноҳ осеб мебинанд. Тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, ҳоло дар ҳамсоякишвари мо Афғонистон ҳам чунин ҳамлаҳои террористӣ идома дорад, ки ин ҳолат нигаронкунанда мебошад. Зеро мардуми ҷабрдидаи Афғонистон зиёда аз 40 сол аст, ки аз ҳамлаҳои созмонҳои террористӣ, гурӯҳҳои террористӣ азият мекашанд ва ин даҳшат барои тамоми ҷомеа мебошад.
Мо, мардуми ҳамсоякишвари худро ҳаргиз танҳо намегузорем ва даъват ба амал меоварем, ки созмонҳои террористӣ аз ҷумла Толибон ба хунрезиву даҳшатафканӣ дар қаламрави ин кишвар хотима диҳанд, зеро мардуми Афғонистон ҳам инсон ҳастанд ва бояд ҳуқуқҳои онҳо поймол нашавад.
Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори террористонро дар кишвари ҳамсояи Афғонистон маҳкум намуда, ба душманони насли башар, толибон шарматон бод мегӯем!