ИЗҲОРОТИ ОМӮЗГОРОНИ КАФЕДРАИ ФАНҲОИ УМУМИТЕХНИКӢ: “ТОҶИКИСТОНИ НАВ”-ГУРӮҲИ НОШУКРОН!

Ҳоло мебинем, ки як гурӯҳи ифротие  бо номи “Тоҷикистони нав” пайдо шудааст, ки имрӯзҳо ҳама пешрафтҳо ва рушди кишварро нодида гирифта, бештар ба танқиди беасос мепардозад ва ҳадафаш ҳам гумроҳ намудани ҷомеа, вайрон намудани сохти конситутсионӣ мебошад, ки ин бисёр ҳам хиёнати бузург ва нобахшиданист. Аз ҷониби дигар таъсисдиҳандагони ин гурӯҳаки террористӣ ва душманон аз истиқлолият ва ободиву сарсабзӣ ва оромии кишвар ношукри намуда, даст ба иғвову дасиса мезананд, ки ин ҳаргиз бахшида нахоҳад шуд.  Рафтори аъзоёни ин гурӯҳ комилан аз доираи одоб берун аст ва бояд, ки ин гуна тоифаҳои ношукр дарси адаб гиранд вагарна дар чунин шароит таъсис додани як гурӯҳи хиёнаткорӣ ва бар зидди миллату давлат баромад кардан бузургтарин хиёнат асту халос.

Мо, омӯзгорони кафедра фпъолияти гурӯҳи душманони миллати тоҷикро бо номи “Тоҷикистони нав” комилан маҳкум намуда, бар онҳо лаънат мехонем!