ИЗҲОРОТИ ОМӮЗГОРОНИ КАФЕДРАИ ФАНҲОИ ТАБИӢ-ИЛМӢ: БОМДОД.КОМ ҲАМОН АХБОР.КОМ БО НОМИ НАВ МЕБОШАД!

Ҳамон гуна, ки ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯзҳо пас аз ошкор шудани фаъолиятҳои террористиву экстремистияш Мирзои Салимпур муаасиси ахбор.ком сомонаашро масдуд карда, ба ҷойи он сомонаи дигареро бо номи бомдод.ком таъсис додааст, ки ҳадафаш ҳамон ҳадафи ахбор.коми ТТЭ ҲНИ мебошад.

Бояд ёдовар шуд, ки ТТЭ ҲНИ сомонаи ифротии ахбор.ком-ро ба хотири тарғиби ғояҳои ифротӣ ва иғвобарангезӣ таъсис дода буд ва имрӯз расман бо ошкор шудани ҳадафаш фаъолияташ қатъ карда шуд, аммо ба ҷойи ин сомонаи ифротӣ Мирзои Салимпури наҳзатпарвар боз сомонаи навро бо номи бомдод.ком таъсис дод, ки мақсаду маромаш ҳам хиёнат бар миллати тоҷик ва аз байн бурдани оромиву субот мебошад.

Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори душмани миллат, хоин ва хиёнаткор Мирзои Салимпури террористро комилан маҳкум намуда, бар ӯ лаънат мехонем!