ИЗҲОРОТИ ОМӮЗГОРОНИ КАФЕДРАИ ФАНҲОИ ГУМАНИТАРӢ-ИҶТИМОӢ: “БОМДОД” ҲАМОН АХБОР.КОМ АСТ!

Тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, пас аз баста шудани сомонаи ахбор.ком М. Салимпур расонаи дигареро бо номи Бомдод таъсис дод, то фаъолияти аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва дигар наҳзатиёнро тарғиб намояд.

Ҳамагон хуб медонанд, ки имрӯзҳо душманони миллати тоҷик, хоинони наҳзатӣ ва дигар зархаридон ба хотири аз хоҷагони хориҷияшон маблағ гирфитан ва обрӯву нуфузи кишварро дар арсаи байналмилалӣ коҳиш доданд, иғвобарангезӣ мекунанд ва ҳар гуна матлабҳои бардурӯғ ба нашр мерасонанд, ки ин ҳам хиёнат аст.

Гурӯҳи таъсисдодаи М. Салимпури хоин ҳам бо номи Бомдод ҳамин гуна расонаи наҳзатпарвару террористпарвар мебошад, ки аз ҷониби хоҷагони хориҷии ТТЭ ҲНИ сармоягузорӣ мешавад ва мақсадаш душманӣ бар миллат аст.

Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори душманони миллати тоҷик, хоини бадкеш М. Салимпурро маҳкум намуда, бар вай лаънат мегӯем!