ИЗҲОРОТИ ОМӮЗГОРОНИ КАФЕДРАИ ФАНҲОИ ТАБИӢ-ИЛМӢ: КАБИРӢ-ТЕРРОРИСТЕ ДАР НИҚОБИ ПАНОҲАНДАИ СИЁСӢ!

Мусаллам аст, ки роҳбари ТТЭ ҲНИ М. Кабирии хоин ва террорист дар хориҷи кишвар қарор дораду имрӯзҳо худро ҳамчун паноҳҷӯйи сиёсӣ муаррифӣ кардааст, ки як фиреб ва макри дигари наҳзатиён мебошад. Чунки М. Кабирии террорист худ дар мактабҳои динӣ таълим гирифтааст ва мақсаду маромаш ҳам амали намудани ғояҳои террористон мебошад. Аммо пас аз ифшо шудани фаъолияти зиддимиллияш дар кишвар ба хориҷ фирор намуда, худро ҳамчун паноҳанда муаррифӣ мекунад.

Ҳарчанд далелҳо собит месозанд, ки М. Кабирии хоин ва террорист дар чандин амалиёти террористӣ ширкат варзидаасту мақсаду маромаш ҳам хиёнат бар насли башар мебошад.

Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори хоин ва террористи манфур М. Кабирии палидро маҳкум намуда, бар вай лаънат мехонем!