Ҳамон тавре, ки маълум аст, имрӯзҳо душманони миллати тоҷик, хоинони бадкеши наҳзатӣ худро ба ҳар гуна баҳона ба домони хоҷаҳои хориҷияшон зада талош мекунанд, то аз худ як навъ бренди нав созанд. Ба монанди он ки дирӯз аз ислом мегуфтанду имрӯз мехоҳанд аз демократия бигӯянду мардумро ба гумроҳӣ баранду мақсадҳои душманонаи хешро амалӣ созанд.
Ҳарчанд маълум буд, ки вақте наҳзатиён аз ислом мегуфтанд, амалу рафторашон бар хилофи он буд ва ҳарчанд имрӯз аз демократия мегӯянд боз ҳам амалашон террористонаву худпарастисту аз демократия хабаре нест. Мисоли равшани ин гуфтаро метавон дар навори нашрнамудаи Додоҷони Атовулло як нафар журналисти муқими Аврупо дарёфт, ки роҳбари наҳзатиёни террорист М. Кабирии палид чӣ тавр нисбати як зан муомилаи зишт ва суханони қабеҳро раво мебинаду истифода кард, ки ин рафтор хоси инсони солим ва комил нест. Ин ҳам дар ҳолест, ки наҳзатиён ва раиси террористашон даъвои ислом мекунанду ҳизби исломиро намояндагӣ кард. Магар ҳамин аст, рафтори мусалмони комил?
Хулоса мешавад, ки имрӯзҳо дигар ҳоҷат ба гуфтан ҳам намондаасту факту далелҳо ва ҳодисаҳо чеҳраҳои зериниқобгирифтаи наҳзатиёнро ошкор мекунаду маълум месозад, ки дигар ҷомеа худ баҳо хоҳад дод, ки ин наҳзатиён кистанду чаро ин қадар миллатро фиреб медиҳанд. Ҳақиқат, ки то дер боз наҳзатиён пинҳон медоштанд, акнун худ мегӯяду чеҳраи касифи наҳзатиёни террористро ифшо сохт.
Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори душманони миллатро комилан маҳкум намуда, бар наҳзатиёни палид ва манфур лаънат мехонем!