ИЗҲОРОТИ ОМӮЗГОРОНИ КАФЕДРАИ ТАЪМИНОТИ БАРҚ: САРҲАДИ ДАВЛАТӢ-НОМУСИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД!

Имрӯзҳо мебинем, ки ҳамсояҳои қирғизӣ мо ба хотири зӯран аз худ кардани замин ҳар гуна низоъҳо бармеангезонанду боз гоҳо онро дар расонаҳои худ пӯшишҳои гуногун дода, кӯшиш мекунанд, то гуноҳро ба гардани мо партоянд, ки ҳам бефаросатӣ ва ҳам беадабиву жожгӯист. Аз ин лиҳоз ин рафтори ҳамсояҳоро намешавад баҳо дод ва фақат метавон гуфт, ки ин рафтор нодурст аст ва бояд пеши роҳи ин амалҳо гирфта шавад.

Аз ҷониби дигар шаҳрвандони кишвар набояд фаромӯш созанд, ки сарҳади давлатӣ ин номуси ҳар як соҳибватан аст ва бояд, ки дар ҳифзи сарҳади давлатамон, марзи ватанамон мо ҳамдилу ҳамтан бошем ва нагузорем, ки қадами номубораки душман ба он бирасад.

Мо, омӯзгорони кафедра рафтори қирғизҳоро, ки даъвои беасос мекунанд, маҳкум карда, бар онҳо гуфтанием, ки аввал одоб омӯзанд!