Имрӯзҳо бо гуногуншаклии авзои сиёсии ҷаҳон ва печидагиҳои сиёсатҳои абарқудратҳо ҳар як шаҳрванди кишварро зарур меояд, то дар ҳифзи арзишҳои муқаддаси истиқлолияту ваҳдат ва ҳифзи сарҳади давлатӣ саҳмгузор бошанду дар ҳамҷоягӣ бо давлат ин арзишҳои барои ҳар як соҳибватан азиз ва муҳиму волоро ҳифз намоянд. Ҳоло масъалаи муҳим ин ҳифзи сарҳади давлатӣ мебошад, ки пеш аз ҳама аз ҷавонон ва сарбозони шуҷоатманди Ватан вобастагӣ дорад. Сокинони кишвар бояд, дар ҳама ҳолат барои ҳифзи ҳар як сантиметр ва ҳар зарра хоки Ватан ҷавобгар бошанду онро азиз доранду ҳифз намояд, зеро ҳар як ваҷаб замини ҳифз намудаи мо барои насли оянда мояи ифтихор ва саҳифае аз ҷоннисориву қаҳрамонии миллат хоҳад буд.
Имрӯзҳо барои вайрон намудан ё ғасб намудани заминҳои наздисарҳадӣ аз ҷониби кишвари ҳамсоя, хусусан мардуми қирғиз талошҳо мешавад, ки ин амлаи ғайриқонунист ва ҳеҷ кас ҳуқуқи зӯран соҳиб шудани замини моро надорад.
Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори мардуми ҳамсояи қирғизро маҳкум намуда, ба ҷавонон гуфтанӣ ҳастем, ки ҳифзи сарҳад вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст.