ИЗҲОРОТИ ОМӮЗГОРОНИ КАФЕДРАИ ТАШКИЛИ ҲАМЛУ НАҚЛ: НЕСТ БОД, ТТЭ ҲНИ!

Аъзоёни ТТЭ ҲНИ ба хотири гумроҳ намудани мардум ва фиреб додани ҷомеа даст ба дасисабозиву иғвобарангезӣ зада, мехоҳанд мардумро аз роҳ зананду мисли солҳои 90-ум кишварро ба коми ҷанги шаҳрвандии хунин тела диҳанд.

Ҳоло аъзоёни ТТЭ ҲНИ, ки як маротиба аллакай зиёда аз миллионҳо нафарро сарсону саргардон намуда, мақсадҳои нопоки худро амалӣ гардонида, кишварро ба даҳсолаҳо  аз рушд боздоштанд, боз мехоҳанд, ки ҳамин нақшаи душманонаашонро амалӣ созанду ҷомеаро фиреб диҳанд, ки ин хиёнати маҳз ва нобахшиданист. Ҷомеа намедонад, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ бо макру фиреб имрӯз тхудро ҳар хел муаррифӣ карда, аз пушт ханҷар мезананд, чунки мақсади онҳо якто мебошад, яъне амали намудани супоришҳои хоҷагонашон!

Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори аъзоёни ТТЭ ҲНИ, наҳзатиёни бадкешро маҳкум намуда, бар онҳо лаънат мехонем!