Имрӯз бисёр ҳам ба мушоҳида мерасад, ки пас аз фирор намудани аъзоёни ТТЭ ҲНИ аз кишвар дар хориҷ чандин барномаҳо бар алайҳи миллати тоҷик ва давлати тоҷикон аз ҷониби наҳзатиёни фирорӣ бо сармоягузории хоҷагони хориҷияшон амалӣ кардан мехоҳанд, ки бисёр ҳам нигаронкунда мебошад. Зеро ягон ҳизби террористӣ ва ягон террористи хоин ҳуқуқи бар зидди миллати мо баромад карданро надорад. Аммо наҳзатиёни хоин ва хиёнаткор имрӯз бар алайҳи миллат иғвобарангезиву дасисабозӣ мекунанд, ки ин хиёнати рӯирост мебошад.
Ёдрас бояд шуд, ки ТТЭ ҲНИ ҳамчун лоиҳаи террористӣ аз ҷониби давлати исломии ба мо маълум таъсис дода шудааст ва мақсаду маромаш ҳам бар алайҳи миллати тоҷик мубориза бурдан аст ва ин борҳо исботи худро ёфт ва ҳатто дар филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” низ аз ҷинояту разолати наҳзатиёни хоин оварда шудааст, ки душмани миллати тоҷик ва муздури хоҷаи хориҷӣ будани наҳзатиёнро исбот менамояд.
Мо. Омӯзгорони кафедра ин рафтори душманони миллати тоҷик, наҳзатиёни зархарид ва хоинро комилан маҳкму намуда, бар онҳо лаънат мехонем!