ИЗҲОРОТИ ОМӮЗГОРОНИ КАФЕДРАИ МАТЕМАТИКАИ ОЛӢ ВА ИНФОРМАТИКА: М.САДРИДДИН-ХОИНЕ ДАР НИҚОБИ ДИН!

Ба ҳамаи мо маълум аст, ки имрӯзҳо душманони миллати тоҷик, хоинони разил ва касиф ба хотири гумроҳ намудани ҷомеа ва фиреб додани мардум аз ҳама гуна воситаҳо истифода мебаранд, то мақсадҳои нопок ва душманонаи худро амалӣ намоянд. Яке аз чунин қаллобон ва разилони манфур ва хоини бешараф М. Садриддин мебошад, ки бо истифода аз дин  ва шариат мардумро ба гумроҳӣ бурда, мехоҳад иғвобарангезӣ намояд.

М. Садриддин аз қаллобоне ҳаст, ки то дирӯз мардумро фиреб дода пулҳояшонро аз худ намудааст ва имрӯз ба хотири фиреб додани ҷомеа худро донандаи дину шариат мегирад, аммо дар асл бошад, террористи виҷдонфурӯхта ва бешарафест, ки овозаю дарвозааш аз Афғонистон то ба кишварҳои арабӣ расидааст.

Ҳоло М. Садриддин бо пули хоҷагони хориҷияш мехоҳад, мардумро фиреб диҳад ва гумроҳ созад, ки ин бисёр ҳм хиёнати бузург ва нобахшиданист.

Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори душманонаи М. Садриддинро комилан маҳкум намуда, бар ӯ шармат бод мегӯем!