ИЗҲОРОТИ ОМӮЗГОРОНИ КАФЕДРАИ МАТЕМАТИКАИ ОЛӢ ВА ИНФОРМАТИКА: “ХИЁНАТ” ХОИНОНРО ШАРМАНДАИ ҲАРДУ ОЛАМ НАМУД!

Воқеан ҳам филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” барои аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва дигар душманони миллати тоҷик ғайриинтизор буд. Тамоми наҳзатиён ва дигар хоинони миллати тоҷик ба хотири  гумроҳ намудани ҷомеа ҳамарӯза зери ниқоб баромад намуда, иғвобарангезӣ мекарданд. Аммо филми мазкур чеҳраи аслии хоинонро ифшо намуд, ки дигар барои шинохти махсусан наҳзатиёни хоин ва террорист далеле намонд. Яъне кӣ ва чӣ будани наҳзатиёни террорист, сардор ва аъзои ТТЭ ҲНИ барои ҷомеа бармало шуд.

Албатта, бо баромадани чунин филм мӯҳраи наҳзатиён шикаст ва умри дурӯғ ба поён расид. Зеро то ба ҳол наҳзатиён дар зери ниқоб баромад карда, бештар талош мекарданд, то ҷиноятҳо ва хиёнатҳои худро аз ҷомеа пинҳон нигоҳ доранд ва хушбахтона натавонистанд. Филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” чеҳраи аслии наҳзатиёнро бармало сохт ва ошкор гардид, ки наҳзатиён хизматгори хоҷаи хориҷӣ мебошанд.

Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори душманони миллат, хоинони наҳзатиро маҳкум намуда, бар созандагони  филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” сипос мегӯем!