ИЗҲОРОТИ ОМӮЗГОРОНИ КАФЕДРАИ МАТЕМАТИКАИ ОЛӢ ВА ИНФОРМАТИКА: КАБИРӢ- ТЕРРОРИСТИ ҲАРЗАГӮЕ ДАР СОМОНАҲОИ ИНТЕРНЕТӢ!

Тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, душманони миллати тоҷик бо ҳар роҳу восита мехоҳанд, мақсадҳои нопоки худро бар алайҳи миллат  равона созанд ва ҳамин аст, ки як қатор манқуртҳо ва беномусонро ба мисли зархарид ғуломи худ сохтаанду ба воситаи онон мехоҳанд ҳадафҳои нопокашонро амалӣ созанд.

Яке аз чунин зархаридони бевиҷдон ва ватанфурӯшу молпараст Кабирии хоин ва террорист мебошад, ки пайваста бар алайҳи миллати тоҷик мубориза мебарад ва талош мекунад, то ҷомеаро ба роҳи нодуруст бараду мақсадҳои душманонаи хоҷагони хориҷияшро амалӣ созад, ки ин хиёнат мебошад.

Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори душманонаи Кабирии террористро комилан маҳкум намуда, бар ӯ лаънат мехонем!