ИЗҲОРОТИ ОМӮЗГОРОНИ КАФЕДРАИ МАТЕМАТИКАИ ОЛӢ ВА ИНФОРМАТИКА: НАҲЗАТИЁНИ ТЕРРОРИСТ ДУШМАНОНИ МИЛЛАТИ ТОҶИК!

Ҳамагон хуб медонанд, ки имрӯзҳо душманони миллати тоҷик, наҳзатиёни манфур ва бадкешу малъун бар алайҳи миллати тоҷик баромада, кӯшиш менамоянд, то сулҳу суббот ва оромии миллатро ба ҳам зананд ва ҷомеаро ноумед гардонанд.  Ин душманони бадкеши миллат аъзоёни Ташкилоти террористӣ-экстремистии собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ мебошанд, ки бо супориши хоҷагони хориҷияшон мақсадҳои нопок ва душманонаро мехоҳанд дар Ватани мо амалӣ гардонанд, ки ин хиёнати рӯирости ин наҳзатиёни бешараф мебошад.

Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори наҳзатиёнро комилан маҳкум намуда, бар онҳо лаънат мехонем!