ИЗҲОРОТИ ОМӮЗГОРОНИ КАФЕДРАИ МАТЕМАТИКАИ ОЛӢ ВА ИНФОРМАТИКА: РАДИОИ “ОЗОДӢ” ЧАРО ХОМӮШ АСТ?

Чанде қабл яке аз мухолифони тоҷик  Д. Атовулло навореро дар бораи аъмоли зишт ва муносибати нодурусти роҳбари наҳзатиёни террорист ва хоин, раиси ТТЭ ҲНИ М. Кабирӣ нашр намуд, ки дар он рафтору амали наҳзатиён мисли оина бармало гардидааст. Лек аз чӣ бошад, ки расонаҳои наҳзатпараст дар бораи ин масъала чизе нагуфтанду худро ба нодонӣ заданд ва гӯё чизе нашуда бошад. Ҳарчанд қаблан ин гуна амалҳоро рӯзноманигорони радиои “Озодӣ” дар як дақиқа мавриди тадқиқоти журналистӣ анҷом медоданд. Вале чаро дар ин маврид хомӯш истоданд?

Оё радиои “Озодӣ” расонаи озод ва демократӣ нест?

Ё магар наҳзатиён барои “Озодӣ” пул медиҳанд, ки дар мавриди рафтори норавову нодурусту ғайриинсонии М. Кабирӣ раиси террористону хоинони наҳзатӣ ба даҳон об гирифтаасту хомӯширо ихтиёр кардааст?

Маълум мешавад, ки сиёсати радиои “Озодӣ” низ ҳимоят аз террористон асту ба демократияву паст задани шаъну шарафи зан ҳеҷ иртиботе надорад ва он ҳам навиштаҳояшон ҳам дар бораи афроди дигар ба хотири манфиатҳои душманонаашон будаасту халос.   Ин хомӯшии расонаи “Озодӣ”, ки наҳзатпарастӣ мекунад, бори дигар чеҳраи душманонаи рӯзноманигорони ин расонаро маълум сохт.

Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори душманони миллати тоҷик, ин рафтори расонаи ба ном ҳомии демократияро маҳкум намуда, бар душманону хоинони миллати тоҷик лаънат мехонем!