ИЗҲОРОТИ ОМӮЗГОРОНИ КАФЕДРАИ КОРКАРДИ КОНҲОИ КАНДАНИҲОИ ФОИДАНОК: М. САДРИДДИН ДАСИСАБОЗИ ҚАЛЛОБ!

Тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, М. Садриддин яке аз хоинони манфур ва бадкеш ба хотири гумроҳ намудани ҷомеа ва фиреб додани насли ҷавон бештар қиссаву афсонаҳои бардурӯғ бофта, аз номи мардум дар сомонаҳои иҷтимоӣ ба нашр мерасонад ва мақсаду маромаш ҳам хиёнат бар миллати тоҷик аст.

М. Садриддин дар умри сараш як сухани ростро нагуфтааст ва ҳадафаш ҳам дурӯғ гуфтан бар ҷомеа мебошаду бо ин роҳ амали намудани аҳдофи нопоку душманонаи хоҷагони хориҷияш бар зидди миллати тоҷик мебошад. Маълум аст, ки М. Садриддини террорист як дасисабоз ва қаллоби манфур асту на шараф дорад ва на номуси инсонӣ.

Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори душманони миллатро комилан маҳкум намуда, бар наҳзатиёни малъун лаънат мехонем!