Филми ҳуҷҷатии “Бешарафӣ” воқеан ҳам санаде буд барои ифшо намудани саргузашти як хоин ва ҷосусу бевиҷдон, ки ба гузаштаи худ нигоҳ накарда, аз ҳоли худ нашармида, боз мардумфиребӣ мекунаду боз ҷомеаро ба гумроҳӣ мебарад ва даъвои диндориву шариат мекунад, ки ин бисёр ҳам хиёнати бузург мебошад. Ин нафари бевиҷдон ва бешараф М. Садриддин мебошад, ки ҳамчун хоин ва ақлбохта ҷомеа мешинохташ, ки бо истифода аз номи ислом ба худ обрӯ ҷамъ менамуд ва ҷавононро гумроҳ месохт, аммо дертар маълум шуд, ки ӯ як ҳамҷинсгарост.
Дар дин ҳамҷиннсгароӣ мамнӯъ ҳисобида мешавад, вале суоле ба миён меояд, ки М. Садриддини бешараф, ки худашро мусалмон мегирад, чӣ хел ба ин амали зишт даст задаасту номуси худро фурӯхтааст?!
Дар филм дар ин бора гуфта шудааст, аммо дертар М. Садриддин ба ин меборӣ гирифтор мешавад ва ҳоло дар митингҳои ҳамҷинсгароёни Аврупо ширкат мекунаду дар созмонҳои ҳамҷинсгароӣ сабти ном шудааст. Пас куҷост шарафу номус ва иффати динӣ?
Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори нодуруст ва бешарафонаи М. Садриддинро маҳкум намуда, ба созандагони филми “Бешарафӣ”, ки воқеияти як хоин ва фиребкорро ба мардум манзур намуданд, сипос мегӯем!