Тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, М. Кабирии террорист аз саркардагони ТТЭ ҲНИ яке аз душмантарин хоин мебошад, ки имрӯзҳо барои амали намудани мақсадҳои нопоки хоҷагони хориҷияш талош намудаистодааст.
Ба иттилои баъзе манбаъҳо М. Кабирии малъун аз хоҷагони хориҷияш маблағҳои ҳангуфте ба даст оварда, кӯшиш мекунад, то бо роҳи дасисабозиву иғвобарангезӣ лоиҳаи террористии наҳзатиёни манфурро амалӣ намояд. Яъне М. Кабирии террорист мехоҳад, ки дар кишвар дубора ҷанги шаҳрвандӣ ташкил намуда мустақилияти Ватани мо ва оромию субботро аз байн барад. Чунки наҳзатиёни ватанфурӯш аз аввал мехостанд, ки давлати миллии моро аз байн баранд ва имрӯзҳо иҷрои ҳамин мақсади нопокашон бо роҳбарии М. Кабирии террорист талош кардаистодаанд, ки ин орзӯи душманони миллат ҳаргиз амалӣ нахоҳад гашт. Зеро миллати тоҷик намехоҳад, ки дубора фирефтаи наҳзатиёни зархарид гардаду ғуломи душманони миллату давлат бошад.
Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори М. Кабирии пастфитрат ва террористро комилан маҳкум намуда, бар ӯ лаънат мехонем!