Ҳарчанд имрӯзҳо маълум аст, ки душманони миллати тоҷик, аъзоёни ТТЭ ҲНИ бо сарварии террористи рақами 1-и ҷаҳон М. Кабирӣ аз кишвар фирор намудаанд, аммо то ба ҳол дасисабозиву иғвобарангезиро бас накардаанд ва ҳамарӯза барои чор танга пули хоҷагони хориҷияшон шуда, иғвобарангезӣ мекунанд, ки ин хиёнати нобахшиданист.
М. Кабирии хоин ва хиёнаткор имрӯзҳо ба хотири фиреб додани ҷомеа ва гумроҳ намудани мардум ҳамарӯза ҳарза гуфта, мехоҳад ҷомеаро фиреб дода, мақсадҳои нопокашро амалӣ созад. Мисле, ки солҳои 90-ум аз дин истифода намуда, як маротиба мардумро гумроҳ сохта, кишварро гирифтори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардониданд, ин бор ҳам наҳзатиёни хоин ҳаминро мехоҳанд, ки ин душмании рӯирост мебошад.
Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори душманона М. Кабирии миллати хоинро комилан маҳкум намуда, бар ӯ шармат бод мегӯем!