ИЗҲОРОТИ ОМӮЗГОРОНИ КАФЕДРАИ ГЕОЛОГИЯ ВА КОРҲОИ НАФТУ ГАЗ: НЕСТ БОД, ТТЭ ҲНИ!

Ба таври куллӣ маълум аст, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ дар хориҷ аз кишвар бо маблағгузориҳои хоҷагони хориҷияшон ҷиҳати гумроҳ намудани насли ҷавон иғвобарангезиву дасисабозӣ мекунанд ва ҳатто барои ин кор чандин сомонаи ифротиро низ таъсис додаанд, ки ин бисёр ҳам хиёнати бузург мебошад. Зеро аъзоёни ТТЭ ҲНИ, ки ҳамагӣ аз мактаби террористони байналмилалӣ гузаштаанд, барои гумроҳ сохтану фиреб додани ҷомеа аз ҳар гуна маълумоти бардурӯғ истифода мекунанд, то ҷавононро гумроҳ созанд.

Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори душманони миллатро комилан маҳкум намуда, бар онҳо лаънат мехонанд.