Тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, имрӯзҳо дар манотиқи дурдасти олам терроризм ва экстремизм ҳамчун як падидаи номатлуб шинохта мешавад ва ҳамчун як таҳдид бар ҳаёти осоишта дониста мешавад. Чунки ҳоло дигар созмонҳои террористӣ ва гурӯҳҳои ифротӣ барои ноором намудани ҳаёти осоиштаи ҷомеа талош мекунанд ва мо ҳамарӯза аз тариқи расонаҳо шоҳиди ҳамлаҳои террористӣ ва актҳои террористӣ дар ин ё он нуқоти олам мегардем, ки ин бисёр ҳам хатарзо мебошад.
Созмонҳои террористӣ ҳамакнун дар анқариб тамоми гӯшаву канори олам намояндагии худро доранд ва бо ҳамон намояндагиҳо дар зери ниқоб фаъолият мебаранд. Яке аз чунин созмонҳои террористӣ-экстремистӣ ТТЭ ҲНИ мебошад, ки дар Осиёи Миёна ҳамчун шохаи созмони террористии “Ал-қоида” ва созмони террористии “Ихвон-ул-муслимин” фаъолият мебрад. Аъзоёни ин созмонҳои террористӣ аз дин ҳамчун василаи гумроҳсозӣ истифода намуда, кӯшиш мекунанд, то ҷомеаро ба гумроҳӣ баранду мақсадҳои нопоки зиддиинсонии хешро амалӣ гардонанд.
Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори нодурусту зиддиинсонии душманони башарият, хоинон ва хиёнаткорони террористи наҳзатиро маҳкум менамоем ва гуфтани ҳастем, ки терроризмро бояд решакан намуд!