ИЗҲОРОТИ ОМӮЗГОРОНИ КАФЕДРАИ ГЕОЛОГИЯ ВА КОРҲОИ НАФТУ ГАЗ: МАРГ БАР ДУШМАНОНИ МИЛЛАТИ ТОҶИК!

Ҳоло мебинем, ки душманони миллати тоҷик, бадкешони наҳзатӣ, бадсиголони манфур ва бадбинону бадхоҳони миллату давлат имрӯзҳо бар алайҳи миллати тоҷик мубориза бурда, талош мекунанд, то кишвари моро ноором намоянду миллатро сарсону саргардон, ки ин хиёнати бузург ва нобахшиданист.

Ҳарчанд манфурони наҳзатӣ имрӯзҳо аз кишвар фирор намудаанду бар алайҳи миллат иғвобарангезиву дасисабозӣ мекунанд, аммо дониста бошанд, ки ҳаргиз ба мақсад нахоҳанд расид. Зеро ягон нохалаф ва манфуру хоин ва палид ба мақсад намерасаду имрӯз ҳам аллакай миллат фаҳмидааст, ки наҳзатиён кистанду барои кадом хоҷаи хориҷияшон кор мекунанд?!

Ҳақиқати душманони миллати тоҷик, наҳзатиёни манфур ба таври комил ошкор гардидаасту ҳамагон хуб медонанд, ки наҳзатиён муздуру зархариди хоҷагони хориҷӣ ҳастанду мақсаду маромашон ҳам хиёнат бар миллату давлати миллии тоҷикон мебошад.

Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори душманони миллати тоҷик, хоинони наҳзатӣ ва дигар мухолифони малъунро, ки саодати миллатро дидан намехоҳанд, лаънат мехонем!