ИЗҲОРОТИ ОМӮЗГОРОНИ КАФЕДРАИ ГЕОЛОГИЯ ВА КОРҲОИ НАФТУ ГАЗ: ТЕРРОРИЗМ ХАТАР БАР НАСЛИ БАШАР!

Ҷаҳон имрӯз дар ҳолати мубориза бо гурӯҳҳо ва созмонҳои террорстӣ-экстремистӣ қарор дорад, мешавад ин равандро як навъ наҷоти инсон аз идея ва фалокатҳои ногувор номид.

Ҳоло насли башар аз зуҳури гурӯҳҳо ва созмонҳои ифротӣ хеле ба ташвиш афтодааст ва бояд пеши роҳи ин гуна гурӯҳҳои ифротӣ гирифта шавад.  Чунки тамоми гурӯҳҳо ва созмонҳои ифротӣ ба хотири аз байн бурдани ҳаёти солим, мафкураи солим ва ҳамчунин зиндагии осоишта сафарбар гардидаанд, ки ин хеле нигаронкунанда бошад ва пеш аз ҳама бояд барои аз байн бурдани ин зуҳуроти номатлуб ҷомеа бояд муваззаф шавад, то ангезаҳо ва гумонҳои пайдо гардида новобаста аз он ки дар кадом шаҳру навоҳӣ ва гӯшаи олам ҳастанд, ба мақомот ва дигар идораи расмӣ муроҷиат намоянд.

Ин амал метавонад, пеши роҳи харобкориҳо ва дигар зиллатҳо болои ҷомеаро бигирад.

Мо, омӯзгорони кафедра зуҳури ҳама гуна гурӯҳҳои ифротиро маҳкум намуда, бар душманони насли башар лаънат мехонем!