ИЗҲОРОТИ ОМӮЗГОРОНИ КАФЕДРАИ ГЕОЛОГИЯ ВА КОРҲОИ НАФТУ ГАЗ: КАБИРӢ-ЛУХТАКИ ДАСТИ ХОҶАҲО!

Тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, имрӯзҳо Кабирии хоин ва террорист бар алайҳи миллат дасисабозӣ намуда, талош мекунад, то ҷомеаро ба гумроҳӣ барад. Мисле, ки солҳои 90-ум саркардагони наҳзатӣ айнан ҳамин корро мекарданд ва мақсаду маромашон ҳам аз байн бурдани миллати тоҷик буд, имрӯз Кабирии бешараф бо супориши хоҷагони хориҷияш талош мекунад, то ин корро идома диҳад, ки ин хиёнат мебошад.

Албатта, маълум аст, ки Кабирии хоин имрӯзҳо аз супориши хоҷагони хориҷияш берун баромада наметавонад ва ҳадафу мақсадаш ҳам амали намудани мақсадҳои нопоки хоҷагонаш мебошад. Хоҷагони хориҷии наҳзатиён Кабирии хоинро ҳамчун лухтак истифода менамоянд, ки инро мо аз баромадҳо ва макру найрангу ҳиллаву дасисабозиҳои палиди наҳзатӣ Кабирии хоин ба хубӣ мушоҳида менамоем.

Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори душмани миллати тоҷик, Кабирии хоинро комилан маҳкум намуда, бар ӯ шармат бод мегӯем!