ИЗҲОРОТИ ОМӮЗГОРОНИ КАФЕДРАИ ГЕОЛОГИЯ ВА КОРҲОИ НАФТУ ГАЗ: “БЕШАРАФӢ” ФАҚАТ МАРКАЗИ БЕШАРАФОН НЕСТ!

Бо дидани филми ҳуҷҷатии “Бешарафӣ” инсон ҳатман ба андеша меравад ва ҳатман ба ёдаш ҳамон шиори аъзоёни ТТЭ ҲНИ: “Дар ҷанг раҳм ба кӯдаку модараш хиёнат аст” мерасад, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҳамин гуна наҳзатиёни террорист бар ҳеҷ кас раҳм намекарданд ва касеро, ки мехостанд ба қатл мерасониданд, чӣ кӯдак бошад ва чӣ модар, чӣ навзод бошаду чӣ бузургсол, хонаҳоро оташ мезаданд ва касеро намегузоштанд, то зинда монад, он вақтҳо наҳзатиёни террорист як мақсад доштанд, нест кардани миллати тоҷик, ки оқибат худ низ аз ин хиёнатҳояшон баҳра бурданд.

Филми “Бешарафӣ” аз подоши қонуни табиат ва он лаҳзаҳои бераҳмии ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ мегӯяд, ки чӣ тавр фарзанди наҳзатӣ, яъне писари мулло Қаландар  Муҳаммадиқболи Садриддин худ гирифтори ин ҳодисаи нангин гардид. Яъне, ҳеҷ хиёнаткоре бе подош нахоҳад монд ва ҳар касе ба ҷомеа хиёнат мекунад ҳатман хиёнат мебинад. М. Садриддин ҳам ба иллати хиёнати падараш қурбонӣ гардидааст, ки ин як даҳшат мебошад.

Мо, омӯзгорони кафедра ба созандагони филми ҳуҷҷатии “Бешарафӣ” сипосгузорӣ намуда, ба душманони миллати тоҷик лаънат мехонем!