ИЗҲОРОТИ ОМӮЗГОРОНИ КАФЕДРАИ ГЕОЛОГИЯ ВА КОРҲОИ НАФТУ ГАЗ: М. КАБИРӢ ШАЙТОН АНДАРУНИ ҶАМЪИЯТИ ТЕРРОРИСТОН!

Тибқи баъзе маълумотҳои ба даст расида, М. Кабирӣ роҳбари ТТЭ ҲНИ аз созмонҳои террористии “Ал-қоида” ва “Ихвон-ул-муслимин”  супориш гирифтааст, то аъзоёни ҳизби ифротияшро дар рӯҳияи террористӣ-экстремистӣ тарбия намуда, ба сафи ин созмонҳо ҳамроҳ гардонад ва ҳамчунин иттилое ҳам вуҷуд дорад, ки ТТЭ ҲНИ ва Кабириро ба ҷуз аз хоҷагонаш боз ҳамин созмонҳо кӯмаки молиявӣ мекунанд. Пас тасаввур кунед, ки Кабирӣ дар миёни ин созмонҳо чӣ кор мекунад?

Албатта, нақши шайтонро мебозаду халос.Чунки инсон то бад ин ҳад баднафс ва бадгуҳару бадсигол набудааст, ки Кабирӣ ҳаст. Воқеан ҳам Кабирии хоин ва шайтон бандаи нафс аст ва барои нафси бадаш омода аст, ба ҳар амали нораве даст занаду маблағ кор кунад.

Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори душмани миллат М. Кабирии хоинро комилан маҳкум намуда, бар ӯ лаънат мехонем!