ИЗҲОРОТИ ОМӮЗГОРОНИ КАФЕДРАИ БОЗОРШИНОСӢ ВА МУҲАНДИСИ ДАР ИСТЕҲСОЛОТ: М. САДРИДДИН ИҒВОГАРЕ ДАР ИНТЕРНЕТ!

Ҳамагон хуб медонанд, ки пас аз ошкор шудани ҷиноят ва амалҳои террористии ТТЭ ҲНИ ин созмон ҳамчун созмони террористӣ аз тарафи созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ эътироф шуд ва фаъолияташ қатъ карда шуд. Аммо аъзоёни террористи ин созмони террористӣ, яъне наҳзатиёни террористпеша аз кишвар фирор намуда, ба кишварҳои Аврупо паноҳанда шуданд.

Аммо фаъолияти иғвобарангезияшонро он ҷо ҳам идома доданд ва чандин сомонаву телевизиони ифротиро таъсис додаанд, то ғояҳои ифротиро тарғиб намоянд. Ҳамарӯза сарвари террористони наҳзатӣ М. Кабирӣ дар сомонаҳо баромад намуда, барои гумроҳ кардани насли ҷавон ва фиреб додани мардум мисли солҳои 90-ум маърӯзахонӣ мекунад, иғвобарангезӣ мекунад, то мақсадҳои нопоки хоҷагони хориҷияшон амалӣ гардонад.

Дар филми ҳуҷҷатии “Хиёнат”  аъмоли зишт ва хиёнаткориву хоинии наҳзатиён ба таври кулли ошкор карда шуд, ки дигар кӣ будани наҳзатиёни террорист, зархариди кадом хоҷа буданашон ошкор шуд ва маълум гардид, ки ТТЭ ҲНИ ҳамон лоиҳаи террористӣ асту танҳо роҳбараш нав шудааст ва он ҳам боз ҳамон Кабирии хоин ва палид.

Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори душманони миллат, аъзоёни  ТТЭ ҲНИ-ро ҳамчун ташкилоти зархаридони террорист комилан маҳкум намуда, бар онҳо лаънат мехонем!