Ба гушам баъзан шомилшавии ҷавонон мутаассифона ба ҳизбу ҳаракатҳои бегона аз ҳар гӯшаю канори ҷумҳурӣ мерасад. Иллати ин ҳаракати ҷавононро аз паст будани сатҳи дониш ва фирефтаи амалҳои ғайриқонунии созмоне ба номи «Паймони миллии Тоҷикистон» ва ҳар гуна маълумотҳои норавшан аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва ғайраҳо дидан мумкин аст.
Эҳсос менамоям, ки ин созмони бадхоҳи миллату давлати моро таъсис додаанд шабу рӯз ғайр аз ҷудоиву иғвоандозӣ, паҳн кардани ҳар гуна хабару овозаҳои дурӯғ, даъвати рӯйрост ба амалҳои ноҷавонона дигар коре надоранд. Қайд кардан зарур аст, ки оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои бегона дар муассисаҳои таълимӣ доир ба ин корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ бурда истодаем. Ин ҳанӯз моро қонеъ карда наметавонад. Зеро дар ҷомеаи мо имрӯзҳо шахсоне ҳастанд, ки ба чунин роҳҳо шомил шудаанд.
Ҳар сол дар паёми худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Перзиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба хатари шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои бегона ба амнияти мардум, зикр менамоянд.
Ман ҳамчун омузгори ДКМТ сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сарчашмаи фаъолияти худ намуда, кӯшиш ба он медиҳам, ки донишҷуёнро дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, шукргузорӣ аз Ватани орому осудаамон тарбия намоям.