ИЗҲОРОТИ ОМЎЗГОРОНИ КАФЕДРАИ Т ВА ТМ-И ДКМТ: МУРОДИ МО СУЛҲУ СУБОТ АСТ

Барои мо аҳли омузгорони кафедраи  таҷҳизот ва технологияи мошинсозӣ боиси таасуф аст, ки фарзандони нохалаф ба мисли Шарофи Гадо нону намаки диёри худро зери по мекунанд. Ҳайфи ту, Шароф!

Ҳар як шаҳрванди Ватани маҳбубамон, бахубӣ мушоҳида ва дарк намудааст, ки амалҳои хиёнаткоронаи роҳбари собиқи ТЭТ ҲНИ ва ҳамакнун Паймони миллӣ Муҳиддин Кабирӣ ба одат табдил ёфтааст.

Зеро  муроди матлаби мо ошкорсозии симои разилонаи ин ташкилоти террористист, бояд зикр намоем, ки Кабирӣ ҳамчун дастпарвардаи хоҷагони хориҷӣ, ки аллакай ҳангоми шогирдиаш ба иҷрои корҳои зишт одат карда буд, дар кишвар ба амалҳои разилонаву манфур даст зад ва ҳоло ҳам ба чунин амалҳо идома дорад. Аз ҷумла тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ аз худ дарак медиҳад ва гӯё вазъи дохилии Тоҷикистонро ба таҳлил мекашида бошад. Новобаста аз оне, ки Кабирӣ ду ё се дипломи олӣ доштан ва ё надоштанаш барои худаш аст.

Дар ин байн Шарофи Гадо хоини дигари  миллат ба Ватану модари худ носипосӣ кард ва боз изҳори дуруғи худро паҳн мекунад. Касе ба ту бовар надорад. Садқаи номи Ватан шавӣ!