Омўзгорони кафедраи ташкили ҳамлу нақл аз муноқишаҳои наздиарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистону Қиғизистон ба вуқӯъ омада хеле андӯҳгин ва мутассир мебошанд. Қайд намудан зарур аст, ки ин воқеъаҳои наздисарҳадӣ бори аввал нестанд. Албатта сабаби асосии чунин муноқишаҳо пеш аз ҳама ҳамдигарнофаҳмӣ дар байни аҳолии минтақаҳои наздисарҳадии ҳамсоя ҳисоб меёбад.
Барои пешгирии чунин нохушиҳо хуб мебуд масъалаҳои вобаста ба тақсимоти сарҳадро, ки ин муаммо аз давраи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ боқӣ мондаааст, дар мизи мудаввар ҳал намоем.
Барои мо Истиқлолияти Давлатӣ, ки тоҷикон онро баъди ҳазорсолаҳо ба даст овардаанд, хеле муқаддас аст. Мақсаду мароми халқи тоҷик ин сулҳу субот ва осоиштагӣ, ободкорию созандагии Ватани маҳбуб мебошад. Аз азал халқи тоҷик сулҳдӯст буда, ба сари касе лашкар накашидааст. Аз ин лиҳоз воқеаҳои рӯй дода моро хеле андӯҳгин менамояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд, ки мо бо тамоми мардуми курраи замин, алалхусус бо ҳамсоягон дар асоси эҳтироми якдигар, ба назар гирифтани манфиатҳои ҳамсоягӣ зиндагонӣ намоем.
Аз давраҳои қадим халқҳои ҳамсояи тоҷику қирғиз дӯстию рафоқати хуб доранд. Мисоли ин дӯстӣ дар байни шоири маҳбуби тоҷик Мирзо Турсунзода ва нависандаи маъруфи қирғиз Чингиз Айтматов шуда метавонад.
Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо,
Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо.
Мо, омўзгорони кафедраи ташкили ҳамлу нақли Донишкадаи кўҳию металлургии Тоҷикистон ҳамеша тарафдори сулҳу дӯстӣ мебошем!