ИЗҲОРОТИ ОМУЗГОРОНИ ФАКУЛТАИ ЭЛЕТРОМЕХАНИКА

Пас аз тамошои навори “Бозгашт аз ҷаҳаннам” авзои сиёсии ҳизби наҳзати исломро ба риштаи таҳлил кашидем. Ин доираи кучаки бадхохони миллат бо найрангҳои паси пардагии худ теша ба решаи истиклолияти кишвар заданӣ мешаванд. Ҳол  он ки дар қаламрави мамлакати мо пешравиҳо кам нест. Аз ҷумла, дар риштаи маориф.

Омўхтани технологияи муосир ва омўзиши забонҳои анлисӣ,русӣ,олмонӣ диққати чавононро  ба худ чалб намудааст , чунки  замони муосир  дар сиёсат, иқтисод,иҷтимоӣ ва муоширати фархангии кориро аз мутахасси имрўза талаб мекунад.

Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд.

Ҷашнҳои зиёде, ки ба бузургдошти олимону шоирон ва арбобони сиёсиву ҷамъиятии халқи тоҷик, ба мисли Абуабдуллои Рўдакӣ,

Абдулқосими Фирдавсӣ, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Камоли Хуҷандӣ, Умари Хайём,Ҷалолиддини Румӣ , Садриддин Айнӣ,Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Муҳаммад Осимӣ, Баҳодур Искандаров, Ғулом Алиев, Алоуддин Баҳоваддинов, Лоиқ Шералӣ ва дигарон бахшида шуданд, боиси таҳлили нави мероси онҳо гардида, илму фарҳанги Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба ҷаҳониён бештару беҳтар шинос намуданд ва боиси таҳкими ифтихори миллии мардум гардиданд.

Ҳукумати кишвар  бо сарвари , Президенти   Ҷумҳурии Тоҷикистон  , Пешвои  Миллат,мўҳтарам Эмомалии Раҳмон  ба инкишофи бо низоми фарҳанг ва махсусан масъалаҳои боло бурдани фарҳанги ҷомеа, эҳтиром ба арзишҳои милливу фарҳангӣ, эҳёи анъанаву ҳунарҳои мардумӣ, рушди санъату мусиқӣ ва театр таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд.

Ифтихори миллӣ  моро имруз ба амалҳои нек раҳнамун месозад

Шарҳ гузоред

Суроғаи мактуби электронии Шумо паҳн нахоҳад шуд. Марзҳои ҳатмӣ бо аломати * ишора карда шудаанд

шаш + 7 =