ИЗҲОРОТИ ОМУЗГОРИ КАФЕДРАИ ТАҶҲИЗОТ ВА ТЕХНОЛОГИЯИ МОШИНСОЗИИ ДКМТ ДЎСТАЛИЕВ САРВАР : ВАҚТИ КИШТ ДИГАРУ ВАҚТИ ДАРАВ ДИГАР АСТ

Ба назар чунин менамояд, ки неруҳои мухолифин дар симои ТТЭ ҲНИ бештар ҷавононро ба доми фиреб мекашанд. Чунки ин чеҳраҳоро ҳам дар тазоҳуроти БЕрлин мебинему ҳам дар сайри андешаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ. Аммо ҷавонӣ навбаҳори умр аст ва онро метавон ба се бахш ҷудо кард: даврони нахустини ҷавонї, даврони миёнаи ҷавонӣ ва даврони вопасини ҷавонӣ.

Ҷавонӣ давраи хурўҷи ҳам нерўи ҷисмонї ва ҳам нерўи ақлонист; аз ин рў, ҷавон ба хештангарои мекўшад ва оне ки ҷаҳд ба хештангароӣ дорад, наметавонад хушзеҳн бошад.

Падару модарон хатои бузург мекунанд, ҳангоме, ки дар тарбияи ҷавон аз ҳамон роҳи дар тарбияи кўдак истифодашуда кор мегиранд. Чунки вақти шудгору вақти кишту вақти дарав дигар аст.

Кўдаке ки дар хурдсолӣ ҳарфи падару модарро ду намекард, дар ҷавонӣ метавонад ба онҳо бовар накунаду фармон набарад. Падару модарон бояд инро дарк кунанд ва фарзандро дар ҷавонӣ ислоҳ созанд. Агар падару модар бар сари ҷавон назари худро бор кунанд, вай нахуст вонамуд месозад, ки бо онҳо мувофиқ аст, оммо дар давраи дуюм аз онҳо канора мегирад, дар давраи сеюм ба баҳсу мунозира меоғозад, онҳоро рад месозад.

Ҳангоме, ки ҷавон ба давраи вопасин мерасад, дигар мустақил аст ва ба раҳбарии падару модар наметавон умед баст. Ин ҷо онҳо ночор ҳастанд бигзоранд ў роҳашро, дуруст аст ё нодуруст, худ интихоб кунад.

Аз ин хотир, ман пешниҳод дорам, ки дар ҳар марҳилаи ҳаёт ҷавонон пеш аз ҳама ба ақли солим такя намуда, ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд.