ИЗҲОРОТИ ОМУЗГОРИ КАФЕДРАИ МЕТАЛЛУРГИЯИ ДКМТ ФАРИДАИ АМОННУЛО: АСБОБИ ШӮҲРАТИ САЛИМПУЛ МИНБАРИ ДУРӮҒ АСТ!

Боиси таассуф аст, ки  баъзе гурӯҳу гурӯҳакҳои сиёсии ҳангомаҷӯ ва ҳизбҳои қудратталаб ин вазъияти осоиштагӣ ва дастовардҳои сиёсии давлатро дидан намехоҳанд ва ба ҷои ҳамкорӣ ва дастгирии давлат дар корҳои хайр, ки худ хидмат ба миллат ва дин аст, бо ҳар баҳонае, алахусус аз буд зиёд ҳангома кардан дар атрофи як ду масъалае, ки ба назари онҳо маҳдудкунии озодии диёнат аст, ҷомеаро ноором кардан мехоҳанд. Албатта, мардум дигар худаш қудрати ташхис кардани некро аз бад, осоиштагиро аз нооромӣ, душманро аз дӯст дорад, аммо ҳадафи ин гуруҳҳо он қисмати камтаҷрибаи ҷомеа, асосан ҷавонон мебошанд.

Мирзои Салимпул низ сомонаи Ахбори худро ба минбари дуруғ табдил дода шабу рӯз лоф мезанад. Асбоби шӯҳратёбии ин иғвогар дар радиои Озодӣ ҳам вуҷуд дошт, ки ҳамоно ба сабки ҳангомасозӣ ба паҳн кардани дасисаҳо машғул аст.

Мо рафтори  ин тоифаро маҳкум месозем.