ИЗҲОРОТИ ОМУЗГОРИ КАЛОНИ КАФЕДРАИ ФТИ-И ДКМТ СОДИРҶОН ҒАФФОРОВ: ТААСУБ ВА ИФРОТГАРОӢ БА ДИНИ МУБИНИ ИСЛОМ ЯГОН ИРТИБОТЕ НАДОРАД.

Имрӯзҳо ҷаҳонро зуҳуроти номатлуби таасуб ва ифротгароии динӣ ба ташвиш оварда, он ба яке аз масъалаҳои  доғи рӯз  табдил ёфтааст. Таасуб ва ифротгароӣ ба дини мубини  ислом  ягон иртиботе надорад ва ин амали ношоиста дар ҷумҳуриамон аз тарафи намояндагони ҲНИТ ва хоҷагони хориҷиашон дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта паҳн гардид. Воқеаҳои мудҳиши ин  солҳо  дар  натиҷаи  ноогоҳию ҷаҳолат, зиёдаравӣ ва фирефтаи Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон ва бархе аз гурӯҳҳои фурсатталаб гардидани мардум ва уламои динӣ ба вуⱪӯъ пайваст.  Баъди соҳиби истиⱪлолият шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон душманони дохилӣ ва хориљи кишвар бо сарварии саркардаҳои ҲНИТ байни минтаⱪаҳои гуногуни он низо ва кинаву адоватро  паҳн карданд .  Дар натиља дар Љумҳурии Тољикистон љанги шаҳрвандӣ оѓоз шуда, дар давлат бесару сомонӣ ва беҳукуматӣ ба вуљуд омада, тамоми сохторҳои давлатӣ фалаљ гардид.    

  Барои барⱪарорсозии сулҳу субот соли 1997  байни мухолифин ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи истиⱪрори сулҳ баста шудан , як маротиба ба ин ҳизб имконият дода шуда буд,ки рафторашро нисбат ба ҳукумату давлат дигаргун кунад, мувофиⱪи он  ба намояндагони мухолифин 30% вазифаҳои роҳбарикунандаи давлатӣ вогузор карда шуд. ҲНИТ-ро ҳамчун ҳизби сиёсии хусусияти динидошта қонунан фаъолияткунанда пазируфтан ба он имкон дод, намояндагонаш дар мақомотҳои мухатлифи давлатӣ аз ҷумла ниҳодҳои қудратӣ, ба вазифа таъйин гарданд, ки ин як навъ пайванд ёфтани дину сиёсат дар ҳокимияти сиёсӣ ба ҳисоб меравад. Вале ҲНИТ дар низоми давлатдории дунявӣ, ҳамчун як ниҳоди исломи сиёсӣ мақоми қонуни касб карда, тавонист аз тариқи матбуоти расмии худ идеяи исломи сиёсиро пайваста тарғиб намояд. Ва минбаъд аз ҳамин роҳ ин ҳизб тавонист низоми давлатдории дунявиро бадном созад ва аз мақомоти қонунгузорию қудратӣ барои амалисозии андешаҳои динӣ-сиёсии худ суистифода карда, бо ҳамин амалҳо созишномаи сулҳро, ки мувофиқи он ҲНИТ давлати дунявиро эътироф карда буд, поймол кард. Баъди вафоти роҳбари онвақтаи ҲНИТ Саид Абдуллои Нурӣ муносибати аъзоёни ин ҳизб бо ҳукумат дигаргун шудан гирифт ва он  боиси ошӯби ҲНИТ бо сардории ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода дар шаби 4-уми сентябри соли 2015 гардид. Бояд қайд кард, ки ба ҳизби мазкур ба хотири таъмину сулҳу субот дар кишвар ва амнияти миллӣ мақоми қонунӣ дода буданд. Ҳоло сулҳу субот дар кишвар пурра барқарор аст ва мардуми кишвар рӯ ба созандагию бунёдкорӣ ниҳодаанд. Дар чунин шароит мардуми кишвар ба як исломи муътадилу созанда ва ба арзишҳои исломӣ ҳамчун фарҳанги волои маънавӣ-ахлоқӣ ниёз доранд, на ба исломи сиёсӣ, ки метавонад дар қатори дигар ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ дар хизмати нерӯҳои манфиатхоҳ дар минтақа қарор гирад.Чуноне,ки аз ахбороти шабакаҳои иҷтимоӣ бар меояд  руйдодҳои нангини моҳи сентябри соли 2015 собит кард, ки дини ислом дар зоти худ ба ҳеҷ гуна ҳизбу созмонҳои сиёсӣ ниёз надорад. Ҳизбсозию сиёсисозии ислом барои шахсони манфиатҷӯ лозим аст ва барои расидан ба мақсадҳои худ онҳо даст ба ҳамагуна кирдорҳои зишт, ба мисли барангехтани кинаву адовати динию мазҳабӣ ва ҳатто муборизаи мусаллаҳона миёни мусулмонон, мезананд.Кори имрӯзи Кабирӣ дар хориҷи кишвар ин рафтори «пешвоёни» ҳизби диниро хиёнат ба миллату ватан ва бовару эътиқоди мардум номидан мумкин аст. Роҳи пешгирифтаи чунин моҷароҷӯён фақат зарари амнияту оромии кишвар аст ва нақши созандаи дини исломро коҳиш медиҳад. Таҳлил фаъолияти ҲНИТ тӯли чанд соли охир ва муҳтавои маводи сомонаҳои ба ин ҳизб таалуқдошта нишон медиҳад, ки дини ислом барои онҳо танҳо воситаи пиёдасозии ҳадафҳои сиёсӣ мебошад. 

 Пайравони Ҳизби мамнӯи наҳзати исломиро ҳато дар хориљи кишвар бо иттиҳоми таблиғи ақидаҳои ифротии исломӣ ва бо худ доштани теъдоди зиёди адабиёти ифротӣ, ки ёфт ва мусодира карда шудааст, дастгир кардаанд. Аъзоёни фирории ҲНИТ, ки ба ҳайси муҳоҷири меҳнатӣ дар хоки Россия қарор доранд, муҳоҷирони меҳнатии гумроҳу ноогоҳро  ба доми фиреб кашида истодаанд. Дар натиҷаи кофтукови манзилҳои пайравони наҳзат хадамоти федеролии бехатарии Россия дар байни адабиёти ёфтшуда, китоберо бо номи «Дин ва сиёсат» бо акси раиси Ҳизби наҳзати исломӣ – Муҳиддин Кабирӣ дарёфт кард. Ин гувоҳӣ медиҳад, мо зиёиёни кишвар бояд зиракии сиёсиро аз даст надода ба сокини кишваро,ки ба  муҳоҷири меҳнатӣ мераванд аз ин хатарҳо огоҳ созем ва барои гирифтор нашудан ба доми фиреби наҳзатиҳо ҳиссагузор бошем.

   Чуноне, ки Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ ,Пешвои миллат ,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомали Раҳмон борҳо дар баромадҳояшон қайд карданд,ки «тероризм ватан,миллат ва мазҳаб надорад». Ин суханони   Пешвои миллатро бояд ҳар як сокини кишвар   ба эътибор гирад ва фирефтаи афсона ҳои душманони миллати тољик нагардад. Ба ⱪадри сулҳу субот ва оромӣ расидан ин вазифаи муⱪаддаси   ҳар як зодаи   Ҷумҳурии Тоҷикистон  мебошад,касе ба ин неъмати худодод ношукри кунад вай хоини миллат мебошад.                                                                                           

Дар хотима бояд ⱪайд кард,ки талошҳои  Ҳукумати Ҷумҳурии Тољикистон бо роҳбарии  Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ ,Пешвои миллат ,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомали Раҳмон баҳри гул-гулшукуфии мамлакатамон имконият намедиҳад,ки  дигар бора мардуми шарифи тољик фирефтаи дасисабозиҳои ин ҳизб гарданд.