ИЗҲОРОТИ ОМУЗГОРИ ДКМТ Ш.ТУЕВ: ФУРСАТИ ИЛМОМУЗИРО АЗ ДАСТ НАДИҲЕД!

Бо вуҷуди ҳангомаҳои ТТЭ ҲНИ мавриди болоравии нархи  Интернет аз ҷониби Пешвои миллат ғамхорӣ намуда аз ин гароншавӣ ҷилавгирӣ карда шуд. Ҳоло барои ҳар як донишҷуӣ фурсати илмомузӣ фаро расид. Мутобиқи нақшаи инфиродӣ ҳар як донишҷӯ давоми соли таҳсил то 20 дона китоби бадеиро мутолиа намояд. Яъне телефонбозию интернетро як сӯ гузошта пайи омузиши илму ҳунар талош кунад.

Нияти мо тарбияи мутахасиси комили техникӣ мебошад, ки сатҳи дониши сиёсӣ низ баланд бояд бошад. Кӯшад ки то халқро ба кор ояд.

Дар оянда ба Ватани худ содиқона хизмат намояд, ки таҳкими Истиқлолият аз саҳми босазои ҳар як ҷавонмард вобастагии комил дорад.