Ҳангоми соатҳои тарбиявӣ ба донишҷуён мавриди пешгирии қонуншиканӣ, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ алоҳида таъкид менамоем.
Зикр менамоем, ки барои донишҷӯёни ин боргоҳи илм риояи талаботи Низомномаи донишкада , аз ҷумла, сари вақт ба дарсҳо ҳозир шудан, дарс андӯхтан ва эҳтиром гузоштан нисбат ба омӯзгорону ҳамсабақон, калонсолон ва умуман атрофиён яке аз талаботҳои асосӣ маҳсуб мешавад.
Инчунин сабабу омилҳои содиршавии кирдорҳои ҷиноятиро аз ҷониби ҷавонону ноболиғон шарҳ дода, доир ба масъалаҳои доғи рӯз, аз қабили оворагардӣ, авбошиҳои гурӯҳӣ, дуздиву ғоратгарӣ, махсусан бемасъулиятии баъзе аз волидайн ҷиҳати таълиму тарбияи фарзанд факту рақамҳои дақиқро пешниҳод менамоем.
Таъкид менамоем, ки пайравии бархе аз ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав дар ҳоле мебошад, ки ҷаҳонро хатарҳои нав ба нав фаро гирифтааст ва ин тоифа қурбони бозиҳои гурӯҳҳои ҷиноятпеша гардида, ҳаёти худу наздиконашонро зери хатар мегузоранд.Доир ба авзои дохилии кишварҳои ҷангзадаи Сурия, Ироқ ва Афғонистон мисолҳои мушаххас оварда, донишҷӯёнро бори дигар таъкид сохтем, ки эҳтиёткор бошанд, то шомили нерӯҳои мухолиф нагарданд.