Солҳои 90-ум ба хотири таъмини тартиботи ҷамъиятӣ аз ҷониби комисирати ҳарбии ноҳия ба водии Рашт фиристода шудам. Садои тиру туфанг дар куҳистон садо медоду дараҳои зебоманзар ба қабристон табдил ёфта буд. Мардум тарсону сарсон. Ҳамаи онҳо ташнаи сулҳ буданд.
27-уми июни соли 1997 бо ибтикори Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон гардид, ки он ба қатори ҷашнҳои миллӣ дохил шуд. Бояд таъкид кард, ки дар роҳи ба даст овардани сулҳи кулл саҳми кишварҳои нозири гуфтушуниди байни тоҷикон – Ҷумҳурии исломии Афғонистон, Ҷумҳурии исломии Эрон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии исломии Покистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Туркманистон, Ҷумҳурии ӯзбекистон дар солҳои душвори санҷиш ба халқи мо кӯмакҳои гуногун ва бесобиқа расонданд. Президенти Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи онҳо изҳори миннатдорӣ намуданд.
Протоколи ҳамдигарфаҳмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик Сайид Абдуллоҳи Нурӣ масъалаҳои авфи умумӣ, табдили асирони ҳарбӣ ва маҳбусон, қатъиян маҳкум кардани терроризм ва дигар масъалаҳои муҳими сиёсиро фаро гирифтанд.
Маҳз ташаббус ва ҷасорати роҳбарии мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки бо мақсади расидан ба сулҳи кулл ва таъмини ҳаёти осоиштаи халқи тоҷик бо қарори иҷлосияи махсуси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11-12 марти соли 1996 ба ихтиёри намояндагони Иттиҳоди мухолифини тоҷик 30 фоизи роҳбарӣ ба идора ва муассисаҳои гуногуни давлатии Тоҷикистон дода шуд.
Ба бахти мардуми азияткашидаи тоҷик роҳбари сулҳофару дурандеш мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз аввалин рӯзҳои ба сари қудрат омаданашон бо ҷасорату иродаи қавӣ овардани сулҳро дар мамлакат бар дӯши худ гирифтанд. Хизмати шоистаи Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин аст, ки он кас вожаи “ваҳдат”-ро бо мазмуни сиёсӣ ва идеали ҷамъиятӣ дар бораи ягонагии халқи тоҷик, зиёда аз ин, ваҳдати форсизабонони тамоми ҷаҳон ғанӣ гардониданд.
Акнун насли имруза набояд он даҳшати ҷанги бемаъниро такрор кунад ва ба ру ба маърифат орад.