Чандест, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ дар хориҷ аз кишвар ба сар бурда, бо сармоягузории хоҷагони хориҷияшон чандин сомонаҳои ифротиро таъсис додаанд, то миллатро бо нашри маълумот ва ахбори бардурӯғ ва иғвобарангез гумроҳ созанд. Онҳо бо нашри маводҳои таҳқиромез ва туҳматномаҳо мехоҳанд иғвобарангезӣ кунанду миёни ҷомеа фитнаандозӣ намоянд, то ба мақсадҳои нопоки худ бирасанд.
Ҳар як матлаб ва ҳар як навиштаи наҳзатиёни палид ва авбош дар худ мақсадҳо ва ғаразҳои нопоки наҳзатиёнро ифода мекунад, ки ин ҳам аз ҳамон хиёнатҳо ва хоинии наҳзатиён шаҳодат медиҳад.
Чандест, маълум мешавад, ки дар ҳақиқат ҳам наҳзатиён зархариданд ва ҳатто барои ноил гардидан ба мақсадҳои бади хеш чандин расонаҳои ифротии монанди “Озодӣ” ва “Ахбор.ком”-ро низ дар ихтиёри хеш қарор додаанд, ки бо истифода аз ин расонаҳо мехоҳанд, миллатро гумроҳ намоянд. Ахбори бардурӯғ нашр намоянд, фитнаангезӣ кунанд, то ҷомеа сарсону саргардон шавад. Зеро аз қабл маълум аст, ки наҳзатиён ва душманони миллати тоҷик барои гумроҳ кардани миллат, фиреб додани ҷомеа талош мекунанд ва ҳамеш ин ниятро дар дил доранд, ки саодату хушии ҷомеаро аз байн баранд.
Аз ин рӯ, ба ҳар як шаҳрванди кишвар гуфтани ҳастам, ки фирефтаи суханони наҳзатиёни бадкеш ва ҳаромзода нагарданд, зеро онҳо душмани аслии миллати тоҷик мебошанд ва маҳз ба хотири хиёнат бар миллат имрӯзҳо мубориза мебаранд, ки барои ин хиёнат ба ин разилони наҳзатӣ лаънат мехонем!