ИЗҲОРОТИ МУБОРАКШО САИДОВ ДОНИШҶӮИ ДКМТ БА ИЗҲОРОТИ ПАЙМОНИ ЗИДДИМИЛЛӢ ОИД БА БОЗГАШТИ ШАРОФИДДИН ГАДОЕВ

Бозгашти Шарофиддин Гадоев дар доираи “озодандешон”-и ба ном Паймони миллӣ вокунишҳои гуногунро ба миён овард. Аз ҷумла, ҳалқаҳои хиёнатпешаи Паймони зиддимиллӣ бо забони шахси лакнатдору равонӣ Алим Шерзамонов дар шабакаи иҷтимоӣ дар бораи Шарофиддин Гадоев хабари дурӯғро паҳн кардаанд, ки гӯё ӯ дар доираи амалиёти махсус ба Ватан аз ҷониби ФСБ истирдод шудааст.

Аммо ман ба эътиқоди комил мегӯям, ки Шарофиддин Гадоев бошарофатмандона ва бо хоҳиши худ довталабона ба Ватани азиз баргашта, амалан бо бозгашти бовиқораш «Паймони зиддимиллӣ», ин паймони душманонро  аз байн бурд. Ба чӣ далел мо ин фикрро изҳор доштем. Амалан, бо як тир ду  нишон  зада шуд. Раҳбарии аслии «Паймони зиддимиллӣ» худи Шарофиддин Гадоев буд ва Кабирӣ як шахси бевиҷдон ва мутлақандеш, ин идеяро ба инҳисор гирифта буд.

Кабирӣ чун ботини муллогӣ дар вуҷудаш аланга мезанад, ҳама чизро мехост ба тасарруфи худ бигирад. Гадоев Шарофиддин ҳамчун як ватанпарасти содиқ ба арзишҳои миллӣ наметавонист, тасмими дигаре бигирад. Ӯ дарк кард, ки дар ҷабҳаи ифротиҳо боқӣ мондан, ба вартаи ҳалокат ва ҷанги шаҳрвандӣ тела додани миллат аст, аз ин лиҳоз, қарори шахсӣ ва ихтиёрии Шарофиддин Гадоев барои вазъияти умумӣ аҳамияти калон дорад.

Шарофиддин Гадоев чун дид, ки «Паймони зиддимиллӣ» ин ҳамон наҳзати террорист дар ниқоби дунявият аст ба хулоса омад, ки роҳашро аз каҷравҳои таърих ҷудо кунад. Аҳсант.!

Касе ки шакку шубҳа дорад ва ба гуфтаҳои мо боварманд нест, марҳамат карда муроҷиатномаи худи Гадоев Шарофиддинро бинанд ва қазоват кунанд. Шунидан кай бувад монанди дидан.

Кабирӣ ҳамчун раҳбари як ҳизби террористӣ бечораву зор боқӣ хоҳад монд. Дурустараш раиси ҳизби хонаводагӣ, ки аз Акоша, Амрулло, Муҳаммадтиллову Муҳаммаднуқраву Муҳаммадбиринҷӣ иборат аст.

Ҳамин тариқ, Шарофиддин Гадоев дар Ватан аст ва аз боду ҳавои Ватан нафас мекашад. Ба гуфтаҳои муҳтарам Шарофиддин Гадоев гӯш диҳед.

Мо чунин иқдоми Шарофиддин Гадоевро тарафдорӣ менамоем!