17.04.2019, Россия
Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,
Пеш аз ҳама, мехоҳам бори дигар ба ҷониби Россия миннатдории самимиро барои даъват ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба Федератсияи Россия изҳор дорам.
Муколамаи мунтазам дар сатҳи олӣ ба мо имкон медиҳад, ки на танҳо масъалаҳои муҳим ва дурнамои шарикии стратегиамонро мавзӯӣ муҳокима кунем, балки дар бораи масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ муфассал мубодилаи афкор намоем.
Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунидҳои имрӯза ҳуҷҷатҳои муҳими дуҷониба ба имзо расиданд.
Зимни суҳбати созанда ва мавзӯӣ мо мавқеи наздик ё шабеҳро дар самти аксарияти мутлақи масъалаҳои калидӣ дар рӯзномаи дуҷониба ва байналмилалӣ тасдиқ намудем.
Ҳамкории иқтисодӣ соҳаи асосии шарикии мо мебошад.
Аз ин рӯ, ба масъалаҳои дорои хусусияти тиҷоратию иқтисодӣ ва ҳамкории сармоягузорӣ диққати махсус дода шуд.
Россия имрӯз яке аз шарикони асосии тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон боқӣ мемонад.
Соли гузашта гардиши мол миёни мамлакатҳои мо 9 фоиз афзоиш ёфта, аз 1 миллиард доллар гузашт.
Дар ин замина аҳамияти татбиқи самараноки минбаъдаи қарорҳои дар доираи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ андешидашуда зикр карда шуд.
Ҷониби Тоҷикистон муҳимияти татбиқи лоиҳаҳои ояндадори сармоягузориро дар бахши воқеии иқтисодиёти Тоҷикистон тасдиқ намуд.
Мо ба роҳандозии истеҳсоли муштарак дар соҳаҳои саноати сабук, хӯрокворӣ ва истихроҷи маъдан, инчунин дар соҳаи нақлиёт таваҷҷуҳ зоҳир намудем.
Имкониятҳои бузурги ҳамкорӣ ҳамчунин дар самтҳои сӯзишворию энергетикӣ ва агросаноатии иқтисодиёти Тоҷикистон вуҷуд доранд.
Имрӯз мо ҳуҷҷатҳоро дар бораи тартиби содагардонидашудаи анҷом додани амалиёти гумрукӣ ҳангоми интиқоли маҳсулот ва воситаҳои нақлиёт миёни кишварҳоямон ва дар бораи тартиб ва меъёрҳои назорати фитосанитарӣ имзо намудем.
Ин ҳуҷҷатҳо асосҳои ҳуқуқии «долони сабз»-ро эҷод мекунанд.
Бо ин ҳама барои таъмини мутақобилаи маҳсулот, аз ҷумла сабзавот ва меваҳои аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон ба бозорҳои бузурги Россия шароити мусоид фароҳам меояд.
Ҳамчунин зарурати зудтар ба итмом расонидани корҳои омодагӣ барои бунёди маркази яклухту тақсимотии маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон зикр карда шуд.
Ҷузъи дигари муҳими ҳамкории иқтисодии ду кишвар робитаҳои байниминтақавӣ мебошанд, ки ҷуғрофияи онҳо доимо вусъат меёбад.
Имрӯз тақрибан 80 минтақаи Россия бо Тоҷикистон робитаҳои мустақими тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва ғайра доранд.
Мо густариш ва таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар ин самтро зарур мешуморем.
Дар Тоҷикистон имрӯз иқтисодиёт устуворона рушд мекунад.
Суръати афзоиши меъёри миёнаи солонаи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар 10 соли охир дар сатҳи 7 фоиз қарор дорад, ки ин нишондиҳандаи хуби макроиқтисодӣ мебошад.
Мо дар назди худ мақсад гузоштем, ки дар даҳ соли оянда иқтисодиёти худро ба модели рушди саноативу кишоварзӣ табдил диҳем.
Ин барои рушди ҳамкории мутақобилан судманди ҷонибҳо дар сатҳи минтақаҳо, аз ҷумла дар соҳаҳои мухталифи саноатӣ имкониятҳои нав фароҳам меорад.
Чун анъана, ҳарду ҷониб ба ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ афзалияти махсус доданд.
Он, пеш аз ҳама, ба танзими анбӯҳи муҳоҷират миёни кишварҳоямон, беҳтар намудани шароити иқомат ва кори муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ва аъзои оилаҳои онҳо дар қаламрави Россия нигаронида шудааст.
Бо шарофати кӯшишҳои муштарак, мо дар ҳалли масъалаҳои мубрам дар ин соҳа ба таври назаррас пешрафт кардем.
Мавриди зикр аст, ки солҳои охир шумораи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки ба Федератсияи Россия сафар мекунанд, тамоюли камшавӣ дорад.
Ҳамин тавр, соли гузашта бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ тақрибан 480 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ба Россия рафтаанд.
Ин шумора 50% камтар аз давраи авҷи ин раванд — солҳои аввали даҳсолаи равон аст, ки то 1 миллион муҳоҷири меҳнатии мо ба Федератсияи Россия рафтаанд.
Бо вуҷуди ин, дар ин самт ҳанӯз масъалаҳои кушода боқӣ мемонанд, ки таваҷҷуҳи моро тақозо доранд.
Мо роҳҳои густариши минбаъдаи ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаи фарҳангиву гуманитарӣ, аз ҷумла тавассути илму маориф, фарҳанг ва сайёҳӣ муҳокима намудем.
Муносибатҳо дар ин соҳаҳо барои наздикшавии минбаъдаи халқҳоямон, таҳкими дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ байни онҳо аҳамияти калон доранд.
Мо доир ба иштироки фаъолона ва пайвастаи намояндагони зиёиёни илмӣ ва эҷодии ду кишвар дар чорабиниҳои илмию фарҳангии якдигар сухан меронем.
Дар ин замина, мехоҳам зикр намоям, ки фазои иттилоотии Россия дар тамоми гӯшаҳои Тоҷикистон дастрас аст, яъне он ҷузъи майдони иттилооти мо мебошад.
Мавқеи таҳсилоти Россия ва забони русӣ дар мо таҳким меёбад.
Имрӯз, зиёда аз 20 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Россия таҳсил мекунанд.
Дар Тоҷикистон Донишгоҳи (славянии) Россия ва Тоҷикистон, филиали донишгоҳҳои пешсафи Москва — Донишгоҳи давлатии Москва, МИСиС ва Институти энергетикӣ бомуваффақият фаъолият доранд.
Бо фармонҳои дахлдори Президент ва қарорҳои Ҳукумат омӯзиши ҳатмии забони русӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аллакай аз синфи дуюм ва дар аксар муассисаҳои томактабии таълимӣ таҳсил ба забони русӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар 10 донишгоҳ факултаҳои филологияи рус ё шуъбаҳои ихтисоси забон ва адабиёти рус вуҷуд доранд.
Дар кишвар даҳҳо мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва садҳо синфҳои омӯзиши забони русӣ фаъолият мекунанд.
Дар робита ба ин, мо ба ҷониби Россия ҷиҳати омодагӣ ба суръатбахшии раванди сохтмони панҷ мактаби нави русӣ дар Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ менамоем.
Мо натиҷаҳои ҳамкории кишварҳоямонро дар самти муқовимат бар зидди таҳдидҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ мусбат арзёбӣ мекунем.
Дар самти таъмини амният ҷонибҳо дар мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва қочоқи маводи мухаддир ҳамкории зич ба роҳ мондаанд.
Тоҷикистон ва Россия дар ин масъала иттифоқчиёни воқеӣ буда, мо ҷонибдори ҳамоҳангсозии минбаъдаи фаъолияти идораҳои салоҳиятдори давлатҳоямон дар ин соҳа мебошем.
Ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Тоҷикистону Россия бомаром рушд мекунад.
Мо ба ҷониби Россия барои мусоидати пайваста дар омодакунии кадрҳо ба Қувваҳои Мусаллаҳамон ва дар таҳкими ҳарбӣ-техникии иқтидори мудофиавии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ менамоем.
Дар чаҳорчӯби созишномаҳои бадастомада Барномаи навсозии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон татбиқ мешавад.
Мо ба татбиқи мунтазами минбаъдаи барномаи мазкур дар муҳлатҳо ва ҳаҷмҳои мувофиқашуда умед дорем.
Аз ҷониби Тоҷикистон барои фаъолияти босамари бузургтарин иншооти ҳарбии хориҷии Россия — пойгоҳи 201-ум тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд ва пойгоҳи нодири оптикӣ-электронии «Окно» муваффақона вазифаҳои худро ҳал мекунад.
Мо будубоши пойгоҳи ҳарбии 201-умро дар қаламрави Тоҷикистон яке аз омилҳои калидӣ барои таъмини дастаҷамъонаи амнияти минтақавӣ мешуморем.
Ҳангоми муҳокимаи масоили мубрами амнияти минтақавӣ мушкилоти Афғонистон низ дар мадди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор гирифт.
Воқеаҳои Афғонистон мустақиман ба сатҳи амнияти кишварамон ва дар маҷмуъ минтақа таъсир мерасонанд.
Бояд зикр кард, ки 60 дарсади сарҳади Афғонистон бо собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба Тоҷикистон рост меояд.
Ин 1,400 километри марзи Тоҷикистону Афғонистон бо қитъаҳои душворфатҳ барои муҳофизат мебошад.
Қитъаи сарҳадии Тоҷикистону Афғонистон дар самти таъмини амнияти марзҳои ҷанубии Иттиҳод дорои аҳамияти стратегӣ мебошад.
Тоҷикистон дар роҳи паҳн гардидани таҳдидҳои амниятии аз ин самт бароянда пешоҳанг буда, дар муборизаи муассир бар зидди онҳо саҳми худро мегузорад.
Вақт нишон дод, ки мушкилоти ин кишвари барои мо ҳамсоя роҳи ҳалли ҳарбӣ надорад.
Тоҷикистон ҳавасманди суботу шукуфоии Афғонистон буда, ҷонибдори ҳалли мусолиматомези мушкилоти он мебошад.
Дар робита ба ин, мо ба талошҳои муштараки минбаъда оид ба мусоидат ба истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон тавассути роҳҳои сиёсӣ ва дипломатӣ изҳори ҷонибдорӣ намудем.
Мо доир ба масъалаҳои дорои хусусияти минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкори муфассал намудем.
Мо бо Владимир Владимирович ба таҳкими ҳамгироиямон дар чаҳорчӯби СММ, САҲА, СҲШ, ИДМ, СААД ва дигар сохторҳои ҳамкории бисёрҷониба изҳори ҷонибдорӣ намудем.
Ҷониби Тоҷикистон аз натиҷаи музокироти имрӯза қаноатманд мебошад.
Бо истифода аз фурсат, бо камоли хушнудӣ аз муҳтарам Владимир Владимирович даъват ба амал овардам, ки дар вақти барояшон муносиб ба Тоҷикистон ташриф оранд.
Бори дигар ба Шумо, Владимир Владимирович, ва дар симои Шумо ба мардуми Россия барои истиқболи гарму самимӣ ва меҳмоннавозии анъанавӣ изҳори миннатдорӣ менамоям.
Ташаккур.