ИЗҲОРОТИ МАСТУРА ВАЛИЕВА ОМУЗГОРИ ДКМТ: СУЛҲ КАРДЕМ БА ЯК НАҚШ ЗИ НАҚҚОШИ ҶАҲОН

Гумроҳшавии ҷавонон ва ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро шомилшавии онҳо ба вабои аср табдил ёфта истодааст. Ин мисли беморӣ паҳн шуда истода ҷавононро ба коми марг фурӯ бурда истодааст. Аҳли ҷомеаро мебояд, ки бонги хатар зада сарҷамъона бар зидди ин вабо мубориза баранд.

         Сабабҳои асосии ба ин гуруҳҳо пайвастани шаҳрвандон, хусусан ноболиғон ва ҷавонон паст будани маърифати ҳуқуқӣ, динӣ, ҷой доштани камбудиҳои ҷиддӣ дар кори таълиму тарбия дар оила ва ҷомеа мебошад. Хусусан, беназорат мондани ҷавонон, истифодаи ғайримақсадноки расонаҳои электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ сабабҳои дигаре мебошанд, ки ташкилотҳои террористиву экстремистӣ бо истифода аз онҳо ба паҳн кардани ҳар гуна наворҳои махсус ва сабтҳои таблиғотии шахсони алоҳида ва зархаридони хориҷиро паҳн менамоянд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки мақсади бархе аз одамон ва ҳизби асосии ин ҳизби мамнўъ гардидаи ҲНИ бо сарпарастони хориҷиаш пеш ҳама гумроҳ кардани ҷомеа, коштани тухми низоъ бо истифода аз номи поки дини Ислом ба шумор меравад.

Онҳо зери ниқоби дини мубини Ислом худро ҳамчун ғамхори халқ нишон медоданд. Баъдан маълум шуд, ки самти фаъолияти ин ҳизб бо сарварии аҳли раёсаташ, ҳаммаслакони хориҷиаш беғараз набуда танҳо ҳимояи як гуруҳи муайянро таъмин менамуд.