Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон бархўрди ақидаҳои динии бегона бо исломи суннатӣ дар солҳои охир баръало эҳсос мешавад.
Аслан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷуз исломи суннатӣ таълимоти мактаби тасаввуф нисбат ба дигар мактабҳои ақидавїӣ бештар ташаккул ёфта буд ва исломи суннатӣ дар ҷомеа мақоми хос дошт. Ҳаракатҳои тозазуҳури динӣ мусулмононро аз рўи мансубияташон ба дину мазҳаб тақсим намуда, метавонанд замина ба тафриқаандозӣ дар байни онҳо гузоранд.
Ҳоло мехоњем оиди баъзе роҳҳои ба ин созмони террористїӣ ҷалб намудани ҷавононро нишон диҳем:
- Дар байни аҳолӣ паҳн намудани таълимотҳои бегонаи дини ислом, аз ҷумла таълимоти салафия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Муҳоҷирати меҳнатии ҷавонон ба кишварҳои хориҷӣ, хусусан ба Федератсияи Руссия.
- Сатҳи пасти саводнокӣ, ҷаҳонбинии маҳдуд, фазои холии тафаккури бархе ҷавонон ба тарғиботчиёни ДИИШ имкон медиҳад, ки ба осонӣ тафаккури ин гуна ҷавононро аз нав коркард намоянд.
Аз ин хотир, ба ин омилҳо бояд эътибори хоса диҳем.