ИЗҲОРОТИ МАНЗУРА САТТОРОВА ДОТСЕНТИ КАФЕДРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ВА ЗАБОНҲОИ ХОРИҶИИ ДКМТ: ВАТАНДӮСТӢ ДОНИШИ АМИҚИ СИЁСӢ ТАҚОЗО МЕКУНАД

Бешубҳа, мусаллаҳ будан ба дониши сиёсӣ ҳар шаҳрвандро ба кишвар эътимодбахш мегардонад. Чунки садди аввали  мубориза бо терроризм, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва қочоқи маводи мухаддир маҳз дониши пухтаи сиёсӣ дар сарҳади давлатӣ мебошад. Дар ин замина, Президенти ҷумҳурӣ бори дигар хотиррасон менамоянд, ки ҳифзи сарҳад вазифаи танҳо сарҳадбонон нест. Ҳар як фарди ватандӯст бояд дар ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлат ва оромиву  суботи ҷомеа бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ ҳамкорӣ намояд.

Ҳамчун омузгор,  ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ  намуда, дар мавзӯи «Масъалаҳои муосири мубориза зидди радикализми сиёсӣ, ифротгароии динӣ ва терроризми байналмилалӣ» ҳамроҳи шогирдон соати тарбиявӣ мегузаронем, ки  то  нуктаҳои  назариявӣ ва амалии  шинохти ин падидаи номатлуб, муборизаи беамон бо онро муайян намуда, саҳми худро дар раванди муқобила ба терроризм ва экстремизм гузорам.

Дар ин самт такмили дониши сиёсӣ барои ҳар донишҷӯ ва омузгор муҳим аст.