ИЗҲОРОТИ КОРМАНДОНИ ШУЪБАИ ҶАВОНОН: ПАРВОЗИ КАБУТАРИ СУЛҲ ИҚБОЛ МЕОРАД

Бо ташаббус ва талошҳои Пешвои муаззами миллат дар кишвари ҷангзадаву харобгаштаи мо сулҳу ваҳдат ва оромиву субот побарҷо гардид, ки бисёр ҳам барои зиндагии шоиставу орому инсонӣ муҳиму зарур аст.

Мо хуб медонем, ки дар шароити ҷангӣ ва ноором зистан чӣ қадар мушкил аст ва ин мушкилро мардуми ҳамсоякишвари мо имрӯзҳо доранд ва тариқи расонаҳо мо аз вазъи мардуми Афғнистон хуб огоҳ ҳастем.

Ҳамчунин дар таҷрибаи талхи зиндагиямон ҳам дидем, ки чӣ тавр ҳамаи ин мушкилҳоро мардум паси сар намуд.

Имрӯзҳо як қатор гурӯҳҳу созмонҳо ба мисли ТТЭ ҲНИ ва дигар созмонҳои ифротӣ айдо шудаанд, ки мехоҳанд ҳамин иқболи баландро аз мардуми шарифи тоҷик гиранд ва дубора кишварро ба коми оташи ҷангу хунрезӣ кашанд.

Аз ин лиҳоз беҳтар аст, ки мардум дар ин масъала ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи суханону ҳиллаҳои душманон нагардида, ин сулҳу ваҳдатро ҳифз намоянд.

Зеро маҳз бо баракати сулҳу ваҳдат ба кишвари мо, ба мардуми мо бахту саодат баргашт ва бояд ба ин эҳтироми баланд қоил буд.

Мо кормандони шуъба, ба ин оромиву сулҳу суботи кишвар шукрона намуда, ҳама он созмонҳову гурӯҳҳои ифротгарову тундравро маҳкум менамоем.