ИЗҲОРОТИ КОРМАНДОНИ ШУЪБАИ ТАЪЛИМ: ШИРКАТ ДАР ИНТИХОБОТ НИЗ ФАРҲАНГ АСТ!

Ҳамон гунае, ки медонем ҳамеша интихобот ва раъйпурсӣ барои ҷомеа муҳим арзёбӣ шудааст ва ин маънои онро дорад, ки ин шакли нави тасмимгириҳои ҷомеаи барои сохтани ояндаи дурахшон ва масири ҳамвор мебошад. Яъне, масире, ки насли баъди бе мушкил барои насли дигар роҳи нави бунёдкориву созандагиро месозад.

Имрӯзҳо дар кишвар маъракаи муҳими интихоботӣ рафтаистодааст ва номзадҳо низ аллакай барои ҷомеа муаррифӣ шудаанд ва ҳоҷати дубора ин ҷо оварданашон ҳам нест. Лек як чизро бояд ба инобат гирифт, ки заҳмат ва талошҳои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон беназир аст ва таҳти сарвари раиси он Пешвои муаззами миллат кишвар аз марҳилаи “фақр” ба давраи нав “рушд ва тараққиёт” расид. Барои овоз додан ба чунин номзади арзанда ҳар як нафар шаҳрванд масъулият дорад ва чашм пӯшидан аз ин заҳматҳо кӯрии хирад мебошад.

Тавре, ки гуфтем ширкат дар интихобот як фарҳанг аст ва инро бояд ҳамаи аҳолӣ риоят намоянд ва ҳамон гунае, ки дар Сарқонун омадааст бояд ҳама дар интихобот ширкат варзанд.

Мо, кормандони шуъба ҳамеша тарафдори созандагиву ободкорӣ ва пешрафти кишвари азизамон ҳастем ва ширкат дар интихоботро муҳим арзёбӣ менамоем.