ИЗҲОРОТИ КОРМАНДОНИ ШУЪБАИ ТАРБИЯ: ҶАВОНОН БОЯД АЗ АҚИДАҲОИ ИФРОТӢ ЭМИН БОШАНД

Ҳоло дар сомонаҳи интренетӣ ва махсусан шабакаҳои иҷтимоӣ гурӯҳҳои ифротӣ доманаи фаъолияти худро васеъ паҳн намуда, талош менамоянд, ки бештар ҷавононро ҳадаф қарор диҳанд ва ҳамон ҷавонҳоеро гумроҳ созанд, ки маълумоти камтар дар бораи дину мазҳаб ва умумиятҳои сиёсӣ доранд.

Ҳоло ягона гурӯҳи террористӣ-экстремистие, ки бештар дар сомонаҳои интернетӣ барои гумроҳ кардани ҷавонони тоҷик талош мекунад, ин ТТЭ ҲНИ мебошад, ки чеҳраи манфураш кайҳо ба мардум маълум гардидааст ва барои кадом хоҷа кор карданаш ҳам ошкор шудааст.

Ин наҳзатиёни палид мехоҳанд, ки мисли солҳои  навадуми асри гузашта, ҷавононро гумроҳро намуда, ба манфиати хоҷагони хориҷияшон истифода созанд ва ба ҳамин хотир ҳам фаъолияти худро васеъ кардаанд.

Мо кормандони шуъба талош менамоем, ки моҳияти гурӯҳҳои ифротиро ба ҷавонон фаҳмонем ва ин тоифаи бадкешро ба таври комил маҳкум созем!