ИЗҲОРОТИ КОРМАНДОНИ ШУЪБАИ КАДРҲО ВА ТАЪМИНОТИ ҲУҚУҚӢ: ТТЭ ПМТ ИДОМАИ ТТЭ ҲНИ

Ба ҳамагон мълум аст, ки ТТЭ ҲНИ яке аз созмонҳои махуфтарин дар Осиёи Марказӣ мебошад, ки феълан аъзоёнаш дар хориҷи кишвар ба сар мебаранд ва ҳамон ҷо бо дастгирии хоҷаҳои хориҷияшон фаъолияти террористӣ мебаранд.

Роҳбари ТТЭ ҲНИ пас аз фирорӣ шуданаш дар кишварҳои Аврупо паноҳ бурда, барои пинҳон намудани амалҳои террористии содирнамудааш ва махфӣ нигоҳ доштани ҷиноятҳои содирнамудаи аъзоёнаш, ташкилоти террористии наверо таъсис додааст, ки мақсад идомаи ҳамон хиёнатҳояш мебошад.

Ташкилоти террористӣ-экстремистии ПМТ идомаи ҳамон ТТЭ ҲНИ буда, фақат дар ин ҷо тағйири ном кардаасту халос.  Зеро миллати тоҷик хуб медонанд, ки ин хоинони бадкеши наҳзатӣ барои он ки маблағ ба даст оранд, аз ягон роҳ намегарданд ва барои ҳамин ҳам ташкилоти навро таъсис додаанд, то хиёнатро зери парда анҷом диҳанд. Дар асл бошад, ТТЭ ПМТ ҳамон ТТЭ ҲНИ аст, ки дар макони дигар бо номи дигар ва ҳамон чеҳраҳои манфури наҳзатӣ баромад мекунад.

Мо кормандони шуъба ин рафтори душманонаи наҳзатиёни палидро маҳкум намуда, ин наҳзатиёни террористро ҳамчун душмани рақами 1 мешиносем ва бар инҳо лаънат мехонем!