Чанде қабл аз ҷониби маорифпарварон ва аҳли фарҳанги ВМКБ пешниҳод шуд, ки ҳар субҳ дар марказҳои таълимӣ Суруди миллӣ садо дода шавад, ки бисёр ҳам пешниҳоди хуб ва қобили қабул аст. Зеро Суруди миллӣ дар шуури насли наврас ва ҷавон ҳамон ғурури ватандорӣ ва озодиву истиқлолро бедор месозад. Насли наврасро дар рӯҳияи ватандӯстиву садоқатмандӣ ҳидоят менамояд.
Ҳамчунин онҳоро аллакай дар хурдсолӣ ба роҳи дуруст рафтан ва зери як марому мақсад гом бардоштанро мефаҳмонад, ки бисёр ҳам барои шаклгирии насли хурдсол ҳамчун шаҳрванд ва аъзои комилҳуқуқи ҷомеа мусоидат менамояд.
Мо кормандони шуъба ин пешниҳоди аҳли маориф ва маърифати ВМКБ-ро ҳаматарафа дастгирӣ намуда, ҷонибдори дар амал татбиқ шудани ин ғояи меҳанпарастона ҳастем.