Маросими савгандёдкунии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки санаи 11 октябри соли ҷорӣ дар интихоботи президентӣ бо гирифтани 90,92 дарсади овозҳо пирӯзӣ ба даст оварданд, мустақим тамошо намуда, бори дигар шукргузорӣ намудем, ки мо миллати сарбаланди тоҷик чунин Сарвари хирадманду оқил ва башардӯст дорем. Дар ҳақиқат ҳам ин рӯзҳоро дида, ҳамон лаҳзаҳои солҳои 90-ум ба ёд меояд, ки чӣ тавр Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллатро аз парокандагиву оворагӣ ва кишварро аз нобудшавӣ наҷот доданд.
“Ман ҳамон Эмомалӣ Раҳмон ҳастам, ки солҳои 90-ум будам” гуфтани Роҳбари муаззами кишвар бори дигар аз мардумсолор ва меҳандӯсту меҳанпараст будани Ҷаноби Олӣ, Роҳбари муаззами давлат шаҳодат медиҳад. Ва ин нуктаро миллати тоҷикро боз ҳам нерӯ ва қувват бахшид. Зеро бо ҳамин гуна марди шариф ва ҷавонмарди шуҷоатманду хирадандеша миллати тоҷик ба ин рӯзи саодату хушбахтӣ ва сулҳу салоҳ расид, ки дар асрҳои аср дар хотироти мардум боқӣ хоҳад монд.
Мо, ҳар як хизмати бузурги Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қадр мекунем ва ҳар як сухани он касро дар зиндагӣ шиори хеш мегардонем, то миллати мо дар шароити кунунӣ ҳам бо ҳамон таҷрибаи баланд аз тамоми хасмҳо раҳо ёбему мустақилияти давлат ва ваҳдати миллатро ҳифз намоем.
Мо, аз Роҳбари давлат, Пешвои тамоми тоҷикон мамнуну миннатдор ҳастем ва ин пирӯзиро барои тамоми тоҷику тоҷикистониён табрик намуда, пешниҳод мекунем, ки рӯзи 11-октябр ҳамчун рӯзи ҳамдилӣ ва қадршиносӣ аз хизматҳои қаҳрамони миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлил карда шавад!